Эътирозҳо дар Лос-Анҷелес. Трамп 2 ҳазор сарбоз мефиристад
Дар пайи эътирозҳо дар Лос-Анҷелеси Амрико, маъмурияти Доналд Трамп эълон кард, ки 2 ҳазор сарбози Гвардияи миллиро ба ин шаҳр мефиристад. Се рӯзи ахир эътирозҳо ба амалкарди кормандони федеролии Хадамоти муҳоҷират ва гумрук (ICE) дар Лос-Анҷелес идома доранд. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст.
Бархӯрди кормандони Хадамоти муҳоҷират бо садҳо муътариз дар ноҳияи Парамаунт, дар ҷанубу шарқӣ Лос-Анҷелес рух дод. Баъзе муътаризон дар даст парчами Мексика доштанд. Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса пахш шуд...