Сокинони Кобул аз камбуди оби ошомиданӣ дар азобанд
Мардуми шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон солҳост, ки аз камбуди оби пок танқисӣ мекашанд ва ин мушкилашон имсол бадтар шудааст.
Системаи обрасонии шаҳр, ки дар ҷангу бомбгузориҳо осеби зиёд дидааст, даҳсолаҳо боз таъмир нашудааст ва аз дасти Толибони ҳоким дар Афғонистон ҳам то кунун ҳеч чиз намеояд, то таъмини мардумро бо об беҳтар кунанд.
Ҳар ҳафта Бибиҷон, сокини Кобул қисме аз маоши ночизи шавҳарашро барои харидани об сарф мекунад. Обро онҳо аз мошинҳои боркаш бо нархи гарон мехаранд. Бибиҷон...