Толибон мегӯянд, Тоҷикистон наздик ба 50 паноҳандаи афғонро ихроҷ кардааст
Мақомоти ҳукумати Толибон аз ихроҷи даҳҳо муҳоҷири афғон аз Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир, хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол мавзуъро шарҳ надодааст. Манбаъҳои наздик ба муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон, хабари ихроҷи ин паноҳандагонро тасдиқ карданд.
Вазорати муҳоҷирони ҳукумати Толибон рӯзи 31 май дар хабарномае эълон кард, ки 49 муҳоҷири афғон рӯзҳои 28-29 май "ба сабабҳои номаълум", аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Ба гуфтаи ин вазорати таҳти назорати Толибон, ин муҳоҷирон ду рӯз пеш аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз...