Тими наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2025 шуд
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2025 дар шаҳри Тошканд ғолиб шуд.
Футболбозони навраси тоҷик зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов 31-уми май дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 байни бозигарони то 17-сола дар Тошканд бар тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд.
Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дастаи ғолиб дар замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) муайян шуд. Футболбозони...