"Бидуни маблағгузории ИМА талошҳои мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон осеб мебинад"
Агар маблағгузории барномаҳои мубориза бо СПИД аз ҷониби ИМА барқарор ваё табдил нашавад, пешрафтҳое, ки дар ин самт дар Тоҷикистон то ҳол ба даст омадааст, осеб мебинад. Раҳбари барномаи мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон Азиза Ҳамидова дар як мусоҳибааш бо сомонаи UNAIDS аз паёмадҳои қатъи маблағгузорӣ ба ин барномаи СММ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҳамидова мегӯяд, бидуни идомаи маблағгузорӣ мушкили ҷиддӣ дар самти ташхису муоина, табобат ва нигоҳубини беморони гирифтори ин вирус эҷод мешавад...