Раҳмон барои ширкат дар ҳамоиши Итолиё ва Осиёи Марказӣ ба Остона рафт
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар нахустин ҷаласаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё ба шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон парвоз кард. Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар мақомот ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон нисфирӯзии 30 май хабар дод.
Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё нахустин нишаст дар чунин чаҳорчӯб хоҳад буд...