Чаро парвандаи ҳабси гурӯҳии сокинони маҳаллаи "Дарвоз"-ро ошкор намекунанд?
Аз замони боздошти беш аз бист сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанбе наздик ба се моҳ мегузарад, вале то ҳол ҳеҷ ниҳоде ин боздошти гурӯҳиро шарҳ намедиҳад. Дар ҳоле, ки парвандаи онҳо аллакай ба баррасии додгоҳ фиристода шудааст.
Мақомоти амниятӣ рӯзи 9-уми март зиёда аз бист сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро дастгир карда, дертар танҳо як нафари онҳоро раҳо намудаанд. Хабари боздошти гурӯҳӣ рӯзи 12-уми март расонаӣ шуд, вале аз он вақт то ҳоло ҳеч ниҳод қазияро шарҳ надодааст.
Рӯзи 30-юми май наздикони чанде аз боздоштшудаҳо...