Мулоқоти Раҳмон бо Мелонӣ ва ширкат дар ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Итолиё”
Шоми 30 май дар шаҳри Остона ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Итолиё” бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелони мулоқот намуданд. Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки як сол баъди мулоқоти ин ду раҳбар дар Рум, ин навбат ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шудааст.
Апрели соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари расмӣ ба Рум бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ ҳафт санади ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ...