Нетаняҳу куштори раҳбари Ҳамос Муҳаммад Синворро тасдиқ кард
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу тасдиқ кард, ки рӯзи 13 май дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ раҳбари Ҳамос Муҳаммад Синвор кушта шудааст.
Jerusalem Post навишт, ки изҳороти Нетаняҳу дар ҷараёни ҷаласаи парлумон садо дод. Аввалин хабарҳо дар бораи кушта шудани Синвор дар матбуот рӯзи 18 май нашр шуданд. Телевизиони саудии Al-Hadath навишт, ки ҷасади раҳбари Ҳамосро дар нақби Хон Юнис дар ҷануби Ғазза пайдо карданд.
Ҳамроҳ бо ӯ даҳ ёвараш ҳам кушта шуд. Рӯзи 13 май артиши Исроил гуфт, ки ба фармондеҳии Ҳамос...