Сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон субҳи 28 май дар ҳайате ба Маскав парвоз кард. Дар ин сафар ӯро раҳбарони кумитаҳо ва раиси дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ношири хабар оҷонсии расмии “Ховар” ҷузъиёте дар бораи ҳадафҳои ин сафар ваё барномаи мулоқотҳояш дар пойтахти Русия чизе намегӯяд.
Дар гузашта ӯ бо даъвати раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Маскав сафарҳо доштааст.
Рустами Эмомалӣ писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст...