СММ-ро дар конфронси Душанбе муовини Гутерриш намояндагӣ мекунад
Амина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ рӯзи 28-уми май ба Тоҷикистон меравад, то дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо иштирок кунад. Ин конфронс қарор аст аз 29 то 31 май дар Душанбе барпо шавад. Стефан Дюжаррик, сухангӯи СММ дар изҳороташ гуфт, Амина Муҳаммад дар ин нишаст ба намояндагӣ аз дабири кулли СММ иштирок хоҳад кард.
“Дар ин конфронс хонум Муҳаммад ба тавсеаи тадбирҳои муҳитзистӣ ба хотири дастёбӣ ба ҳадафи 1,5 дараҷа таъкид хоҳад кард, то ки таъсири обшавии пиряхҳо ба ҳаёти мардум ва сайёра коҳиш дода шавад.