Дар Тоҷикистон Барномаи панҷсолаи пешгирӣ аз саратон қабул шуд
Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 май Барномаи пешгирӣ ва назорати саратон дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 қабул шуд. Сомонаи президент навишт, ки дар ин ҷаласа бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон вазири тандурустӣ барномаи навро муаррифӣ намуд ва ин барнома бахше аз Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 дониста хоҳад шуд.
"Масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст” ва бо ин ҳадаф, ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон...