Шойгу аз имкони эҷоди ҳамкориҳо бо Толибон гуфт
Дабири Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу гуфт, боздошта шудани қарори манъи “Толибон” метавонад ба Русия имкони эҷоди ҳамкориҳои шарикиро бо Кобул фароҳам кунад. Шойгу, ки рӯзи 29 май дар ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Маскав сӯҳбат мекард, гуфт, рӯзи 17 апрел Додгоҳи олии Русия қарори манъи фаъолияти “Толибон”-ро ҳамчун созмони террористӣ боздошт. Ин чиз, ба бовари Шойгу роҳро ба эҷоди шарикии иловагӣ бо Кобул дар доираи манфиатҳои мардуми Русия ва Афғонистон ҳамвор мекунад”.