Полиси Бритониё гуфт, ҳодисаи пахши издиҳом амали террористӣ нест
Шаҳрдори Ливерпул рӯзи 27 май гуфт, ки чор нафар аз маҷрӯҳшудагон дар натиҷаи бархӯрди мошине дар ҳолати «бисёр-бисёр» сангин қарор доранд. Рӯзи душанбе мошине издиҳоми мардумеро пахш кард, ки аз тамошои бозии Лигаи олии футбол берун шуда буданд.
Рейтерс навишт, полиси Бритониё гуфтааст, ки ин ҳодиса хусусияти инфиродӣ дорад ва амали террористӣ нест, ҳарчанд нагуфт, ки чӣ гуна ва чаро як ронанда тавонист мошинашро ба сӯи мардум ба ҳаракат дарорад.
Вақте мошин бозистод, даҳҳо нафари хашмолуд ба сӯи он шитофта...