Дар чор моҳ 20 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд
Додгоҳҳои Русия аз аввали сол то кунун бештар аз 20 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ, азҷумла ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар хориҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба дафтари матбуоти Идораи додгоҳҳо хабар додааст.
Бо сахттар шудани меъёру муқаррароти кор барои хориҷиён, бахусус муҳоҷирон дар Русия, ихроҷ ва ё рондани онҳо аз қаламрави ин кишвар идома дорад.
Хабаргузории Интерфакс рӯзи 26-уми май гуфт, ки дар муддати чор моҳи гузашта бо амри додрасҳои Русия андаке бештар аз 19 ҳазор муҳоҷирро аз кишвар берун кардаанд...