Ҳомии ҳуқуқ шиносномаашро дар дохили номаи почта корношоям пайдо кард
Як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Узбекистон гуфт, пеш аз сафараш ба Ирландия шиносномаашро дар ҳолати корношоям дарёфт. Шарифа Мадраҳимова, ки бояд барои гирифтани ҷоизаи созмони байналмилалии Ҳомиён ҳуқуқи инсон (Front Line Defenders) ба Ирландия парвоз мекард, шиносномаи визадорашро ба даст гирифта, вале охирин саҳифаи он сӯзонида шуда буд.
Мадраҳимова гуфт, азбаски дар Узбекистон сафорати Ирландия амал намекунад, ӯ 17 апрел шиносномаашро бо DHL ба он кишвар фиристод. 6 май шиносномааш ба дасти ӯ расид...