"Як шӯхӣ буд". Қасри президенти Фаронса ба шаппотихӯрии Макрон аз дасти ҳамсараш посух дод
Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса рӯзи душанбе талош кард ҳодисаи аз дасти ҳамсараш Бриҷит дар рӯяш як торсакӣ хӯрдани Эммануэл Макронро камаҳамият нишон диҳад. Саҳнаи бо дасташ ба рӯи шавҳараш задани Бриҷит ба ҳангоми дар фурудгоҳи шаҳри Ҳанои Ветнам фуруд омадани ҳавопаймо дар оғози сафари ӯ ба Осиёи Ҷанубӣ дар наворҳои видеоӣ дида шудааст.
Дар ин навор дида мешавад, ки рӯзи якшанбе, пеш аз он ки Макрон аз ҳавопаймои президентӣ фуруд ояд, як шаппотӣ мехӯрад, ӯ маҷбур мешавад як қадам қафо монад ва...