Дар Арабистони Саудӣ фурӯши бомаҳдудияти машруботро иҷоза хоҳанд дод
Арабистони Саудӣ дар соли 2026 фурӯш ва истеъмоли бомаҳдудияти машруботи алкоҳолиро иҷоза хоҳад дод. Дар ин бора нашрияи ҳиндии The Economic Times хабар дода гуфтааст, ки чунин тасмим дар доираи омодагиҳо ба Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO 2030 ва Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футболи соли 2034 гирифта шудааст.
Ба навиштаи ин расона, фурӯши машрубот танҳо дар минтақаҳои муайян ва на дар бештар аз 600 ҷой иҷоза дода мешавад. Ин асосан меҳмонхонаву осоишгоҳҳо барои ҷаҳонгардон хоҳад буд. Танҳо муассисаҳои соҳиби...