Добавить новость

Баъди пирӯзии Паноҳӣ дар Канн мақомоти Эрон кордори Фаронсаро фаро хонданд

Мақомот дар Теҳрон барои изҳори назари, ба қавли онҳо “таҳқиромези” вазири корҳои хориҷии Фаронса дар робита бо пирӯзии филми коргардони эронӣ дар ҷашнвораи синамои Канн сафири он кишварро фаро хонданд. Дар саҳифаи Х Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса рӯзи 24 май, баъди барандаи “Нахли тиллоӣ” эълон шудани филми Ҷаъфари Паноҳӣ ғалабаи ӯро “иқдоми муқовимат алайҳи режими саркӯбгари эронӣ” номид. Дар маросими рӯзи шанбе Паноҳии 64-соларо барои филмаш “Як тасодуфи содда” бо шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии синамо қадрдонӣ карданд.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта