Путин қонуни навро дар бораи назорати муҳоҷирон имзо кард
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 23-юми май қонуни назорати муҳоҷиронро тавассути телефон имзо кард. Ин қонун муҳоҷиронро дар шаҳр ва вилояти Маскав муваззаф мекунад, ки тариқи барномаи махсуси телефонӣ, дар куҷо будани худро ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Бар асоси ин санад, сар аз 1-уми сентябри имсол дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, таҷрибаи нав дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ҷорӣ мешавад. Агар мақомоти Русия дар муддати се рӯз ё бештар аз он дар бораи дар куҷо будани муҳоҷир маълумот нагиранд...