Ҳалокати 2 корманди сафорати Исроил дар тирандозии назди музейи яҳудиён дар Вашингтон
Бинобар гузоришҳо, ду корманди сафорати Исроил дар Вашингтон, дар пайи тирандозӣ дар наздикии музей ё осорхонаи яҳудиён дар ин шаҳр, кушта шуданд. Пулис аз боздошти фарди гумонбар, хабар додааст.
Ин тирандозӣ соати тақрибан 21:00-и чоршанбеи 21 май дар наздикии музейи яҳудиён дар Вашингтон рух дод ва қурбониён аз як маросим дар ин музей, берун шуда буданд.
Памела Смит, раиси пулиси Вашингтон гуфт, ки фарди ҳамлавар ба тарафи як гурӯҳи чаҳорнафара тирандозӣ кард ва дар пайи он як мард ва як зан кушта шуданд.