Вазири дифои ИМА ҳавопаймои амири Қатарро барои Доналд Трамп қабул кард
Вазири дифои ИМА Пит Ҳегсет тӯҳфаи хонаводаи шоҳии Қатар – ҳавопаймои навъи Boeing 747-ро бо арзиши чандсад миллион доллар қабул кард. Баъди навсозии он қарор онро чун ҳавопаймои нави Air Force One барои сафарҳои президент Доналд Трамп истифода кунанд.
Намояндаи Пентагон Шон Парнелл рӯзи чоршанбе гуфт, ки ҳавопайморо «мутобиқ ба тамоми муқаррароти федеролӣ ва қоидаҳо» қабул карданд ва афзуд, ки вазорати дифои ИМА риояи тамоми талаботи амниятию фаннии ин ҳавопайморо ба ӯҳда мегирад. Айни замон, ҳам...