ВКД: кӯдаке аз хунукназарии мураббӣ дар кӯдакистони Душанбе даргузашт
Дар Душанбе дар паи марги тифли дусола дар як кӯдакистони хусусӣ як масъули ин муассиса боздошт шудааст. ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 май навишт, рӯзи 19 май дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб” писарбачаи дусолае аз рахти хоб афтода ҷон додааст.
Ба унвонии Радиои Озодӣ навори видеоии рӯй додани фоҷеаи марги кӯдак дар кӯдакистони Душанбе дастрас шудааст, ки нашри он бо далелҳои ахлоқӣ ғайриимкон аст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса "зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони иҷрои номатлуби уҳдадорӣ...