Добавить новость

Лондон бо далели Ғазза музокираҳои тиҷоратӣ бо Исроилро боздошт

Дар ҳоле, ки амалиёти низомии Исроил дар Ғазза тавсеа меёбад, рӯзи сешанбе Бритониё музокира бо Исроилро дар мавзӯи тиҷорати озод боздошт, сафири ин кишварро фаро хонда дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагӣ ба мардуми кӯчида ба соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун ҷорӣ намуд. Девид Лэмми, вазири корҳои хориҷии Бритониё вазъ дар Ғаззаро “даҳшатнок” номид. Ҳафтаи гузашта низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки дар Навори Ғазза амалиёти нави зидди гурӯҳи ифротии Ҳамосро ба роҳ мемонанд. Ин созмонро дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта