Саидакрам ва Умар аз зиндони Русия озод шуда ба Тоҷикистон баргаштанд
Ду бародари тоҷик, ки дар Русия барои зӯроварӣ ба маъмурони пулис ва задани онҳо паси панҷара рафтанд, баъди адои ҳукм озод шудаанд. Дар ин бора падари онҳо Расулҷон Чориев рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, Садиакрами 24-сола тобистони соли гузашта ва Умари 22-сола моҳи марти ҳамин сол озод шуда ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳарду ҳоло дар зодгоҳашон - Шаҳритус кору иқомат мекунанд.
Бародарон Саидакрам ва Умар Чориевро рӯзи 17-уми феврали соли 2022 дар истгоҳи метрои "Тулская"...