Эълони омодагии Амрико барои кӯмак ба ҳалли муноқишаи Ҳинд ва Покистон
Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио бо фармондеҳи артиши Покистон Осим Мунир ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Исҳоқ Дор, суҳбатҳои ҷудогонаи телефонӣ доштааст. Ин тамосҳои телефонӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки бомдоди 10 май артиши Покистон ба ҳамлаҳои Ҳинд, посух дод.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри эъломияе гуфт, ки дар ин гуфтугӯ Вазири корҳои хориҷии ИМА аз тарафҳои даргир хост, то роҳҳоеро барои коҳиши таниш пайдо кунанд.
Ӯ пешниҳод кардааст, ки Амрико барои оғози музокироти созанда барои пешгирӣ аз даргириҳои оянда...