Табиати зебо, мардуми меҳрубон, чангу ғубор ва интернети суст...Тоҷикистон аз диди сайёҳон
Мақомоти тоҷик пайваста аз афзоиши шумори сайёҳон ва беҳбудӣ дар хидматрасонӣ ба онҳо, ситоиш мекунад. Вале камбуди ҳоҷатхонаҳо дар роҳу минтақаҳои сайёҳӣ, суръати пасти интернет ва чангу ғубор аз таъсири сохтмону таъмири роҳҳо, аз мушкилиҳое ҳастанд, ки боиси нороҳатии бархе ҷаҳонгардон шудааст.
Ҳамасола бо гарм шудани ҳаво дар Тоҷикистон, ҳузури сайёҳони хориҷӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бештар мешавад.
Владимир Сергеев, сайёҳи рус ҳамроҳи ҳамсараш рӯзи чаҳоршанбеи 7 май аз шаҳри Краснодари Русия ба Душанбе омадааст.