Зарифиро аз боздоштгоҳ ба зиндон бурдаанд
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистонро аз Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе ба яке аз зиндонҳо бурдаанд. Дар ин бора як манбаи огоҳ ва боварбахш рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, Зарифиро ҳанӯз рӯзи панҷшанбеи 8-уми май ба зиндон интиқол додаанд. Манбаъ афзуд, ҳарчанд дақиқ намедонад, ки Зарифиро ба кадоме аз зиндонҳо бурдаанд, аммо тахмин зад, ки шояд ба зиндоне, ки дар он кормандони собиқи мақомоти интизомӣ нигаҳдорӣ мешаванд, бурда бошанд, зеро дар...