Беш аз 200 донишомӯзи духтар дар вилояти Дойкундӣ заҳролуд шудаанд
Даҳҳо донишомӯзи духтари як мактаби ибтидоӣ дар ноҳияи Кайти вилояти Дойкундии Афғонистон бар асари заҳролудшавии машкук, бистарӣ шудаанд. Бисёре аз хонаводаҳо аз вазъи бади фарзандонашон, нигарон ҳастанд.
Дар наворҳои видеоие, ки аз сӯи кормандони бахши тандурустӣ ва табибони ин ноҳия ба Радиои Озодӣ фиристода шуд, дида мешавад, ки даҳҳо духтари мактабхон рӯи замин дароз кашидаанд ва талош мешавад, ки ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида шавад
Як табиб ва раиси як бунгоҳи тиббӣ дар ин ноҳия, ки бинобар...