Даври чоруми гуфтугӯҳо миёни Эрон ва Амрико 11 май доир мешавад
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон хабар дод, ки даври чоруми музокироти ҳастаии Теҳрон ва Вашингтон қарор аст рӯзи 11 май дар Умон баргузор шавад.
Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз манбаъҳои худ гузориш дод, ки Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, қарор аст дар ин рӯз ба Умон сафар кунад, то дар музокирот бо Эрон иштирок кунад.
Ин давр аз музокирот қарор буд, 3 май дар Рим, пойтахти Италия баргузор шавад, вале мақомҳои эронӣ ва умонӣ аз таъхир дар он...