Попи нави Рум интихоб шуд
Конклав ё анҷумани рӯҳониёни баландмақом шоми 8 май попи нави Румро интихоб кард. Роберт Френсис Прево, кардинали амиркоӣ раҳбарии калисои католикии ҷаҳонро ба ӯҳда гирифт.
Прево 69 сол дорад ва баробари интихоб шуданаш номи Леои 14-умро гирифт. Леои 13-ум дар солҳои 1878 то 1903 раҳбарии калисои Румро ба ӯҳда доштааст. Аввалин муроҷиате, ки Леои 14-ум баъди эълони муаррифиаш ба забон овард, ибораи «Ба шумо сулҳ таманно дорам» буд.
Ӯ гуфт, «Ин аввалин ҳарфҳои баъди растохези Исои Масеҳ – кашиши меҳрубоне буд...