Дар Рашту Тоҷикобод зилзила рух дод
Субҳи 8 май дар минтақаҳои шимолу-шарқи шаҳри Душанбе зилзила рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, рӯзи 8-уми май соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар 168 километрии шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26-километрии шарқи ноҳияи Рашт ва 23-километрии шарқи ноҳияи Тоҷикобод мушоҳида шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст.