Хатари омадани мавҷи азими чангу ғубор дар фазои Тоҷикистон
Пешбиниҳои обуҳавосанҷони тоҷик мегӯяд, се рӯзи оянда дар қаламрави Тоҷикистон чангу ғубори пуршиддат мушоҳида хоҳад шуд. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар сомонааш навиштааст, ки чунин вазъ аз 8 то 10 майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ суръати бод то 15-20 метр дар соатро ташкил хоҳад дод.
“Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад”, мегӯянд мутахассисони ин ниҳод.