Овоздиҳии ноком барои интихоби садри нави аъзами Олмон
Дар овоздиҳии нахустини парлумон барои интихоби садри нави аъзами Олмон, ки рӯзи 6 май барпо шуд, Фридрих Мертс натавонист овози заруриро барои ғалаба ба даст оварад.
Дар овоздиҳии пинҳонӣ ба ҷонибдории Мертс танҳо 310 нафар овоз доданд. Барои пирӯзӣ ҳадди аққал 316 овози тарафдор лозим аст. 307 нафар мухолиф баромаданд.
Ин дар ҳолест, ки Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакор, ки Мертс раҳбари онҳо мебошад, ҳамроҳ бо сотсиал-демократҳои ҳамэътилофашон дар бундестаг аксариятро...