Исроил ҷангро дар Ғазза сахттар мекунад
Артиши Исроил даҳҳо ҳазор нерӯи захираро фаро хондааст, то амалиёт дар Навори Ғаззаро шиддат бахшад.
Дар хабарномаи артиш омадааст, бо ҳадафи баргардондани гаравгонҳо ва торумор кардани ҷангҷӯён, "фишорро сахтар мекунад."
Низомиёни исроилӣ гуфтаанд, артиш дар ноҳияҳои дигари Ғазза амалиёт мегузаронад, то иншоотҳои вобаста ба гуруҳи "Ҳамос"-ро дар болои замин ва зери он нобуд кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гуруҳи террористӣ медонанд.
Дар назар аст, ки ҳукумати Исроил нақшаи васеъ кардани...