"Ал-Аҳлӣ" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шуд
Бошгоҳи футболи "Ал-Аҳлӣ"-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бори аввал дар таърихи худ ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё гардид.
Дастаи "Ал-Аҳлӣ" дар бозии ниҳоии мусобиқа, ки 3-юми май дар вазишгоҳи "Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити"-и Ҷидда доир гардид, бар тими "Кавасаки Фронтале"-и Ҷопон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳамлагари бразилӣ Вендерсон Галено дар дақиқаи 35-ум ҳисобро кушод. Голи дуюми арабҳоро нимҳимоятгари африқоӣ аз Кот-д'Ивуар Франк Кессиэ баъди ҳафт дақиқа ба самар расонд.