Ихроҷи 131 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ИМА
Мақомоти ИМА 131 шаҳрванди Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба Тошканд ихроҷ карданд. Мақомоти Узбекистон инро аз иқдомҳое барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандонашон ном бурдаанд, ки дар "вазъияти мушкил дар хориҷа" қарор доранд.
Парвоз аз Ню-Йорк ба Тошканд рӯзи 30-юми апрел тавассути ширкати ҳавопаймоии Узбекистон сурат гирифтааст.
Дар изҳороти Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфта мешавад, ки парвози мазкур пурра аз ҳисоби Узбекистон анҷом шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки ихроҷҳо аввалин...