Хеши президенти Тоҷикистон раиси нави фурудгоҳи Душанбе таъин шуд
Рӯзи 2 май бо як фармони президенти Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд. Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Вале хабари расмӣ ба ҷуз ин ҷумла, ҷузъиёти бештаре пешниҳод намекунад ва маълум нест, ки манзур аз “камбудиҳои ҷиддӣ” чӣ аст.
Абдуллозода январи соли 2016 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон...