Пирӯзии шатранҷбозони навраси Қазоқистон дар Душанбе
Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кӯдакону наврасон, ки дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе 10 рӯз идома кард, бо пирӯзии мунтахаби Қазоқистон ба поён расид.
Ба итттилои сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мусобиқот бо иштироки беш аз 400 шатранҷбоз аз 13 кишвар мувофиқи синну соли иштироккунандагон дар шаш гурӯҳи аз 8 то 18-сола дар се намуд – рапид (зудбозӣ), блитс (барқосо) ва шоҳмоти маъмулӣ (классикӣ) - сурат гирифт.
Дар мусобиқот шатранҷбозони навраси Қазоқистон бо касби 39 медал (16 тилло...