Муҳлати қонунӣ кардани санадҳо барои муҳоҷирон тамдид шуд
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия барои муҳоҷирон, ки то 30-юми апрел пешбинӣ шуда буд, то 10-уми сентябр тамдид шуд.
Фармонро дар ин бора рӯзи 28-уми апрел Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имзо кард.
Дар асоси фармони қаблӣ аз 30-юми декабри соли 2024, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, фурсат доштанд, ки аз 1-уми январ то 30-юми апрели соли ҷорӣ санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд.
Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ...