"46 кас ҷон бохт, садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд". Дар Бандар-Аббос чӣ гузашт?
Дар таркиши рӯзи 26-уми апрел дар бандари Шаҳид Раҷоӣ маъруф бa Бандар-Аббоси Эрон тақрибан панҷоҳ нафар ҷон бохта, беш аз ҳазор каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Расонаҳо бо такя ба манобеи худ гуфтанд, маводи кимиёие, ки аз Чин барои сохтани мушак оварда мешуд, таркидааст. Мақомоти Эрон ин иддаоро рад карда, мегӯянд, таҳқиқ ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дар оғоз як оташи хурде сар мезанад ва пас аз чанде доманаи он васеъ шуда, таркиш ба вуҷуд меояд. Таркиш ва оташу дуди он ба ҳадде буд...