Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт
Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел дар шаҳри Душанбе даргузашт. Раҳматуллоев 71 сол дошт ва ба гуфтаи ҳамкоронаш вақтҳои ахир бемор буд.
Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди тоҷик ва аз ҳамкорони Асланшоҳ Раҳматуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, марҳум то як рӯз пеш сӯзандору мегирифт.
Қарор аст маросими видоъ бо ин ҳунарманди шинохтаи тоҷик 28-уми апрел баргузор шавад. Аммо маълум нест, ки ӯро дар куҷо ба хок месупоранд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев хатмкардаи Донишкадаи синамогарони шаҳри Маскав буда...