"Зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтаанд". Додгоҳ ҳукми як куштор дар Конибодомро тағйир надод
Пайвандони ду сокини Конибодом, ки бо гумони куштор, ба бист сол зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, ҳақталошии дусолаи онҳо натиҷае надодааст. Ба гуфтаи онҳо, додгоҳ натавонистааст исбот кунад, ки Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов дар куштори Зиёвуддин Кимсанов даст доранд.
Додгоҳи вилояти Суғд соли гузашта Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфовро дар куштори Зиёвуддин Кимсанови 48-сола гунаҳкор донист ва ҳар якеро барои 20 сол, равонаи зиндон кард.
Ҳодиса тобистони соли 2023 дар шаҳри Конибодом рух дод ва ҳукм охири соли 2024 содир шуд.