Маросими видоъ бо поп Франсис бо ҳузури раҳбарони ҷаҳон
Маросими видоъ бо Поп Франсис, раҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, имруз, 26 апрел, дар Ватикан баргузор шуд. Раҳбари калисои румии католикҳо, рӯзи 21-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.
Дар Ватикан ва Рим чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи Ватикан, 200 ҳазор нафар дар маросими хоксупории Поп Франсис ҳузур доштанд.
Раисҷумҳури Амрико ва ҳамчунин даҳҳо тан аз раҳбарон ва мақомҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон барои ширкат дар ин маросим ба Ватикан рафтаанд. Ин нахустин сафари байналмилалии...