Дар Душанбе мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ доир мешавад
Мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе 26-уми апрел дар майдони тенниси назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки бори шашум сурат мегирад, 108 варзишгар аз 25 кишвар дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 кг ва +95 кг байни мардон рақобат мекунанд. Занон танҳо дар вазни то 70 кило ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:
Мардон
Вазни 65 кг: Муллораҷаб Халифаев, Суҳроб Боқиев, Муслимбек Каримов, Сарвар Абдушукуров;
Вазни 78 кг...