Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, суръати интернет беҳтар шудааст
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми се моҳи аввали соли равон нархи интернет дар кишвар поён рафтааст. Ин ниҳод 21-уми апрел дар хабарномае навишт, "арзиши тарофаҳои провайдерони интернети собит ба ҳисоби миёна, то 55 фоиз, поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с, бекор гардиданд".
Инчунин ба гуфтаи намояндагони Хадамот, "ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад".
Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо феълан мушкил аст. Чун соли гузашта...