"Фарзандонро дар хона бастаанд." Вокуниши пулиси Душанбе ба навори баҳсбарангез
Пулиси Душанбе ба навори бастани ду кӯдак дар хона вокуниш карда гуфт, нисбати волидайни онҳо чораҳои қонунӣ меандешад.
Рӯзи 19-уми апрел наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, ду кӯдакро дар хона маҳкам кардаанд. Дар ин видео, ки зоҳиран аз сӯи ҳамшираи тиббӣ дар як хобгоҳ сабт шудааст, дида мешавад, ки як кӯдак дар гаҳвора ва дуввумиро бо ресмон бастаанд. Ҳамшираи тиббии маҳалла дар ин видео мегӯяд, ин бори чандум волидайни ин ду кӯдак фарзандони худро дар хона баста, ба кор мераванд.