"16 кас маҷруҳ шуд." Ҷаласаи изтирорӣ дар робита ба зилзилаи Рашт
Ҳукумати Тоҷикистон пас аз чор рӯзи заминларзаи вайронгар дар Рашту Тоҷикобод дар ҷаласае изтирорӣ эълон кард, ки "як кас ҷон бохт ва шонздаҳ нафар маҷруҳ шуд".
Бино ба омори нав, дар ин ду ноҳия 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.
Инчунин, "193 иншоот, аз ҷумла як бемористони минтақаӣ, ду бунгоҳи тиббӣ ва ҳашт мактаб зарар диданд".
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми апрел хостааст, ба оилаҳое, ки хонаҳояшонро пурра аз даст доданд, дар маконҳои амн замин бидиҳанд.