"Тоҷикон зери фишор ҳастанд." Паёми як муҳоҷири зиндонии тоҷик аз Русия
Зиндони рақами 26 дар Волгоград, ки бо бадрафторӣ ба маҳбусон ном баровардааст, боз дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Ба шикояти баъзе аз зиндониёни тоҷик дар ин муассисаи ислоҳии Русия, маъмурияти маҳбас дигарбора онҳоро ба имзои қарордод бо Вазорати дифоъ маҷбур мекунанд.