Таъсиси ниҳоди нав барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон
Барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди нав таъсис додаанд. Тибқи фармони раисҷумҳур, Оҷонси назорати давлатии энергетика баъд аз як моҳ ба кор сар мекунад.
Дар фармон аз 17-уми апрел ҷузъиёти бештаре дар бораи кори ин ниҳод наомадааст.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки то охири моҳи апрел "низомнома, сохтори дастгоҳ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ" дар бораи кори Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика таҳия шаванд
Ниҳоди нав дар пайи он ташкил мешавад, ки ҷазо барои дуздӣ ё истифодаи...